Чун ғунча дар хаёли ту ҳаргоҳ рафта ем
Маҳмил ба дӯши бихўдии оҳ рафта ем
Поси қадам ба дашти ҷунуни ҳақи саъии мост
Умрӣ ба дӯши обилаҳо роҳ рафта ем
Роҳи сафар агар ҳама абрӯаст то ҷабин
Аз заъф чун ҳилол ба як моҳ рафта ем
Аз сози манзилу сафар оҷизон мапурс
Чун доғ орамида ва чун оҳ рафта ем
Маҳмили тарози кашмакаши даҳри ъбртист
Моием хоҳи омадау хоҳ рафта ем
Имрӯзи суди мо ғами фардоӣ зиндагӣ аст
Андешае ки дар чаҳ зиёнгоҳ рафта ем
Аҷзу ғурур ҳар ду ҷунун тоз ваҳшатанд
Зини боғ агар гилӣм ва агар коҳ рафта ем
Лофи сафои зи табъи ҳавас мавҷ ме занад
эй ҳуши ғифлатӣ ки пари огоҳ рафта ем
Фурсати зи ранги мости пурафшони нестӣ
Ғофили з мо мабош ки ногоҳ рафта ем
Анқои нишони шӯҳрат гумномӣ худем
Кӯ бозгаштанӣ ки ба афвоҳ рафта ем
Бонг дарост қофилаи биқрори мо
Як гоми ногушӯда ба сад роҳ рафта ем
Бедил ба банди не гиреҳӣ нест нола ро
Озодаем агар ҳама дар чоҳ рафта ем