Бо кафи хокистарии савдоӣ ахгар карда ем
Сар ба таслими адаби гум дар таҳ пар карда ем
Орзӯҳо дар мизоҷи мо нафас дуздеду сӯхт
Хешро чун қатра бемавҷ гавҳар карда ем
Ашк ғалтонем каз девонагӣҳои талаб
Лағзиши поро хаёли гардиш сар карда ем
Безабонӣ дорад ибромӣ ки дар сад кӯс нест
Ҳар куҷо гӯшаст мо аз хомшӣ кар карда ем
Аз шикваи иқтидори ҳеҷ бӯданҳо мапурс
Зарраем иқлӣми маъдӯмӣ мусаххар карда ем
Он қадр вусъат надорад малик ҳастӣ то адам
Чун нафас пар омад ва рафт мукаррар карда ем
Оқибати хати ғубор аз нусхаи мо хонданӣ аст
Бод мегирданд овозӣ ки дафтар карда ем
Хомшӣ дар илми ҷамъият рбозтхонаҳ аст
Фарбеҳиҳои замони лоф лоғар карда ем
Остони хилвати кунҷи адам кмФрстӣ аст
Шуълаи ҷуволаеро ҳалқа дар карда ем
Мақсади мо зини чаман бар ҳечкас равшан нашуд
Ранг гул бӯда сети парвозӣ ки бепар карда ем
Заҳмати фаҳм аз саводи сарнавишт мо махоҳ
Хати мавҳумии аён буд аз арақ тркрдаҳ ем
Як ду дами бедил ба завқи дили дарин ваҳшати саро
Чун нафас дар хонаи ойӣна лангар карда ем