Ёди он фурсат ки айш ройгонӣ доштем
Саҷдае чун осмон бар остонӣ доштем
Ёди он сомони ҷамъият ки дар саҳрои шавқ
Бскаҳ мерафтем аз худ корвонӣ доштем
Ёди он саргаштагӣ каз нисбаташ чун гирдбод
Дар замини хоксорӣ осмонӣ доштем
Ёди он ғифлат ки аз гирди матоъи зиндагӣ
Умри домани чида буд ва мо дуконӣ доштем
Гирд осўдн надорад арсаи ҷавлони ҳуш
Рафт он каз бихўдии забт аноне доштем
Дасти моу домани фурсат ки тири ноз ӯ
Дар Нитсаатон буд то мо устихонӣ доштем
Завқи васлии гашти барқи хирмани ором ҳо
Варна мо дар хоки навмидӣ ҷаҳонӣ доштем
эй брҳмни бихбр аз кеш ҳамдардӣ мабош
Пеши азин мо ҳам бут номеҳрбонӣ доштем
Ҳар қадар ӯ чеҳра меафрӯхт мо ме сӯхтем
Дар хури арзи баҳор ӯ хазоне доштем
Дар сари роҳи хаёлаш аз тапиданҳои дил
То ғуборӣ буд мо бар худ гумоне доштем
Дасти мо маҳрӯм монад охири зи тўФи доманаш
Хоки нам будем гирд нотавонӣ доштем
Рӯзи васлаш бояд аз шарми оби гардидан ки мо
Дар фироқаш зиндагӣ кардем ва ҷонӣ доштем
Хомшии сад нусхаи оҳанги талаби шерозаи баст
Муддаои гум буд то соз беоне доштем
Шухии рақси сапанди омода хокистар аст
Серумаи сое буд агар завқ фиғонӣ доштем
Ҷуръати парвоз ҳарҷо нест бедили вар на мо
Дар шикасти бол , файз ошёнӣ доштем