Ҷабҳаи фикри зи хиҷлати арақ афшон кардем
Дар шабистони хаёл ки чироғон кардем
Дил ҳар зри ҳи мо ташнаи дидори ту буд
Чашм бастем ва ҳазор оина нуқсон кардем
Ҳарки аз саъии талаб доманӣ оварад ба даст
Мо ба фикр ту фитодем ва гиребон кардем
Ёрб ойӣнаи дидори намояди хирман
Тухми ашкӣ ки ба ёди ту парешон кардем
Гули ворастагӣ аз гулшани асбоби ҷаҳон
Хоксорист ки чун даст ба домон кардем
Вусъати ободи ҷунуни ваҳшати шавқӣ май хост
Доманӣ чанд фишондем ва биёбон кардем
Ҳар чаҳ гул кард зи мо ҷавҳари хомӯшӣ буд
Ҳамчуи шамъ аз нафаси сӯхта тӯфон кардем
Ашк то обилаи пои ҳама дил ме ғалтид
Оҳи ҷинсӣ ки надорем чаҳ арзон кардем
Ошён дар тапиши бсмл мо дошт баҳор
Рангҳо рехти зи болӣ ки пар афшон кардем
Аҷзи рафтори зи мо ашки дмонид чу шамъ
Сад қадами обилаи ороиш мижгон кардем
Дар бисотӣ ки сару барги тараб сӯхтан аст
Фарз кардем ки мо низ чироғон кардем
Бедил аз кулуфти махмурии саҳбои висол
Чун қадаҳ аз лаби захми ҷигар афғон кардем