Аз чоки гиребон ба дилӣ роҳ накардем
Кор аҷабӣ дошт ҷунун оҳ накардем
Дил тира шуд охири зи ҳавоӣ ки ба сар дошт
Ин оинаро аз нафас огоҳ накардем
Фурсати шимуриҳои нафаси бол амл зад
Парвоз шуд он ришта ки кӯтоҳ накардем
Ҳар чанд ба сад ранг дамидем дарин боғ
Парвози тараби ҷуз ба пар коҳ накардем
Чун шамъ ки аз хеш равад сар ба гиребон
Нақш қадамӣ нест ки мо чоҳ накардем
Сад дашт ба ҳар кӯча давидему лекин
Хокӣ ба сар аз даврии он роҳ накардем
Монадем ҳаваси шефтаи касрати мавҳум
Аз гирди сипаҳи рӯ ба сӯй шоҳ накардем
Дар васли зи маҳрӯмӣ дидор мапурсед
Шаб рафту нигоҳӣ ба рух моҳ накардем
Чун соя ба ҳрмонкдаҳ фурсат ҳастӣ
Рӯзи сияҳӣ буд ки бегоҳ накардем
Бедили ту абас хӯн махӯр аз хиҷлати таҳқиқ
Моием ки худро зи худ огоҳ накардем