Судем саропо ва ба пое нараседем

Аз хеш гузаштем ва баҷое нараседем

Кардем гул аз олами андешаи қудрат

Дастӣ ки ба домон дуое нараседем

Ширинии гуфтори зи мо завқи амали барад

Чун ваъдаи ноқис ба вафое нараседем

То рахт набардем ба сари чашмаи хуршед

Чун соя ба собӯн сафойӣ нараседем

Вомондни мо заҳмати пои дгронст

эй обилаи мо низ баҷое нараседем

Он бепар ва болем ки дар ҳасрати парвоз

Гаштем ғубор ва ба ҳавоӣ нараседем

эй бахти сияҳи навҳа ба маҳрӯмии мокн

Ойӣнаи шудем ва ба лақое нараседем

Афсона ҳастӣ чиқадр хоб фусун дошт

Мардем ва ба таъбир фаное нараседем

Матлаб ба нафас серума шуд аз дард тапидан

Фарёд ки охир ба садое нараседем

Шабнами ҳамаи тан об шуд аз як назари ӣнҷо

Мо ҳарзаи нигоҳон ба ҳиное нараседем

Бедили ману гирди саҳару қофилаи ранг

Рафтем ба ҷое ки ба ҷое нараседем