Доғем чун сапанд мапурс аз баёни мо
Дар серума бол мезанад имшаби фиғони мо
Арзи камоли мо арақ олуд хиҷлат аст
Абраст агар баланд шавад осмони мо
Моро чу шамъи боби гудоз офарӣда анд
Яъне зи мағзи нарм тараст устихони мо
Шабнами сифати зи бскаҳ сбкбор ме рӯем
Буи гуласт ноқаи каши корвони мо
Чун шуълаи сар ба олами боло ниҳода ем
Хошок ваҳм нест ҳарифи Аннани мо
Шухии нигоҳ мо нафурӯшад чу оина
Умрии сет таҳтааст зи ҳайрати дукони мо
Парвози нола низ ба ҷое наме расад
Аз баси баланд сохтаанд ошёни мо
Ранги шикастаи оина бехудӣ бас аст
Ёрб забон мо нашавад тарҷумони мо
Ҷуз доғ нест моидаи дастгоҳи ишқ
Оташ хӯрд касе ки шавад миҳмони мо
Бо онкии мо асир каманд ҳаводисем
Анқост бенишон ба суроғи нишони мо
Кӯи хомшӣ ки шонаи каш муддао шавад
Ошуфтааст турраи вазъи баёни мо
Пайдост рози синаи мо бедил аз забон
Як пора диласт забон дар даҳони мо