Бегона вазъем ё ошноӣам

Мо нестем ӯст ӯ нест моием

Пинҳонтар аз бӯ дар соз рангем

Урёнтар аз ранги зери қбоиим

Пайдо нагаштем худро чаҳ пӯшем

Пинҳон набудем то во намоем

Пеш ки нолим дод аз ки хоҳем

Умрӣаст бо хеш аз худ ҷудоӣам

Ҳар сӯ гузаштем пайдо нагаштем

Рафтор умрем бенФш пойем

Ин каъбау дайр то ҳашар боқӣаст

Мо як ду дам беш дигари кҷоиим

Танагии фишурдаи сети саҳрои имкон

Роҳии ндорбм дил ме гушойем

Нафии дуе буд илми тааюн

То хок гаштем гуфтем лойем

Фикр дуе чист мо ва туе кист

Ойӣна Эй нест мо худ намоем

Сайри ду олам кардем лекин

Ҷое нарафтем каз худ броиим

Гар баҳр ҷӯшед , вар қатра болид

Моро нафаҳмид ҷузи мо ки моием

Изҳор ҳар чанд ғайр аз арақ нест

Дар пеши бедили оби Бақоӣам