Шикасти ранг ки буд обёри ин гулшан
Ба ҳар чаҳ менагарм нола кардааст ватан
Ба кулбае ки ман аз дарди ҳиҷр май нолам
Ба қадар зарра чакад ашки дидаи равзан
Хаёли кишти гулу сайри лола ҳайф вафост
зи чашми мунтазирони ҳам дамидааст саман
Тапидани саҳар аз офтоб ғофил нест
Нафас бар оташи меҳр ту мезанад доман
Дили шикаста ба роҳи умед бисёр аст
зи гирди мостгар доманат гирифт шикан
Ба ваҳдати ман ва ту роҳ шубҳа натавон ёфт
Манам ман ва , туе , ту , неи манӣ ту ва на ту ман
Таровати чамани эътибор ҳасан ҳаёст
Чароғи ранги гул аз об мекунад равған
з гуфтугӯ надиҳӣ ҷавҳари виқор ба бод
Ба мавҷ медиҳад аз оби сӯрат рафтан
Ба ҳар тариқи ҳамин поси обрӯ дайн аст
Агар ту муҳаррамии ин шишаро ба санг мазан
Ҷунун бенафас орамида Эй дорем
Чу зулфи силсилаи мости фориғ аз шеван
Ба ормидгии вазъи хеш май нозбм
Чу оби оина дар ҷилва кардаем ватан
Замонаи гӯи паии сомони ман макаши заҳмат
Чароғи шуълаи моро басаст доғи лаган
Касе мабод ҳалоки ғурури раъное
Чу шамъ бар сари мо теғ мекашад гардан
Ҷунун агар напазирад ба хизматами бедил
Камар чу нолаи занҷири бандам аз оҳан