Арақҳо дорад он шамъи ҳаё лек аз назари пинҳон
Ба тамкинӣ ки оташ нест дар санги он қадри пинҳон
Чу он ашкӣ ки гардад хушк дар оғӯши мижгонҳо
Ба ишқат дар тилисм нештар дорам ҷигари пинҳон
Задам аз офати имкон ба барқи сояи теғат
Ба завқ офият кардам ба зери бол , сари пинҳон
Шикасти ранги ҳам шухӣ накард аз заъфи аҳволам
Дар ин вайрона монад охири нишони ганҷи зари пинҳон
Чаҳ имконаст гирди ваҳшатам аз дил бурун ҷӯшад
Таҳайюри риштае чун мавҷ дорам дар гуҳари пинҳон
зи мӯии худ хурӯши чинӣ аз шарми сафири ман
Садои коса чашмаст дар тори назари пинҳон
Тамошогоҳи ҷамъият , таҳайюри хона Эй дорам
Ки чун ойӣна дар девор дорад ном дар пинҳон
Макун таклифи гулгашти чамани маҷрӯҳи улфат ро
Ки бӯ дар барги гули теғии сет дар зери сари пинҳон
Суроғи ҳечкас аз ҳечкас берун наме ояд
Ҷаҳонӣ меравад дар нақши пои икдгри пинҳон
Саропои ваҳшатам аммо ба номӯси сбкрўҳӣ
зи чашми нақши по чун ранг медорам сафари пинҳон
Надорад лаб гушӯдани сарфаи ҷамъиятами бедил
Ки ман чун ғунча дар минқор дорам болу пари пинҳон