То таби ишқи оташамро дод сар дар сӯхтан
Пунба шуд хокистар аз шӯри мукаррар сӯхтан
Ҳастӣ ушшоқ аз ойини ҷаҳон дигар аст
Бастаи ҷузи оташи ду олам бар самандар сӯхтан
Равшанаст иқболи мо чун шамъ дар малики ҷунун
Тахти доғу лашкари оҳу ашки афсар сӯхтан
Дар дили афсурдаи хӯн ҳо мехӯрд номӯси ишқ
Оташ ёқӯт дорад то ба маҳшар сӯхтан
Чанд бинад орзӯ дар дайри найранги хаёл
Чун хаёл бетамизон май ба соғар сӯхтан
Бо вуҷӯди васл дар базми ҳузурам бор нест
Бишинав аз парвонаи дигари қиссаи пар сӯхтан
Дил ба дастовар талоши дигарати оворагеи сет
Мавҷро бояд нафас дар саъии гавҳар сӯхтан
Бенадомат нест ишқ аз нисбати табъи фузул
Гиря ҳо дорад зи дасти ҳизумтар сӯхтан
Ҳамчуи ахгари хоб роҳат хоҳадат бедор кард
Нест ғофили гармии паҳлуи зи бистар сӯхтан
Шаб ба дил гуфтам чаҳ бошад обрӯии зиндагӣ
Гуфт чун парвона дар оғӯши дилбар сӯхтан
Нуқтае чанд аз шарор коғазам карда сети доғ
Бетакаллуф интихобӣ дошт дафтар сӯхтан
Миҳмони ибратӣ эй шамъи пар бар худ мбол
То буд паҳлавӣ чарбат нест лоғрсўхтн
Бо дили маъюси аҳдӣ бастаем ва чора нест
Кас чаҳ созад нест бедили ҷои дигар сӯхтан