Сафо гул кардае то кӣ ғубор ранг нашикастан
Таҳайюр дорад аз минои тилисм санг нашикастан
Ба ин аҷзӣ ки соз туаст аз вазъ адаб магзар
Ба доман аз ҳаё давраст пой ланг нашикастан
Кафии хокӣу афсун нафас додааст бар бодат
Кулоҳи ноз то кӣ бар чунин авранг нашикастан
Амл чун реша дар хоками надоди ором саҳараст ин
Ба манзил хуфтану гирди раҳ ва фарсанг нашикастан
Ба ваҳм эй кош мекардам алоҷ бе дмоғиҳо
Расо шуд нашъаи ёс аз хумор банг нашикастан
Нагардад ҳечкас ёрб ситами Фрсои худдорӣ
Дарин кҳсор дорад навҳа бар ҳар санг нашикастан
Дарин гулшан ки ваҳшати даст дар оғӯш гул дорад
Чаро чун ғунчаи домон ту гирад танг нашикастан
Ба ҷоми айши имкон умрҳо шуд санг май борад
Ту ҳам зини олимӣ то чанд хоҳӣ ранг нашикастан
Саломат аз дили афсурда хӯнҳо мехӯрд бедил
Надомат мекашад зини соз беоҳнк нашикастан