То ба кӣ чун шамъ бояд тоҷ зар бардоштан

Чанд баҳри обрӯи оташ ба сар бардоштан

Чанд бояд шуд зи ғифлати маркази тшниъи халқ

Ҳарфи сангин то ба кӣ чун гӯш кар бардоштан

Аз ҳаловат бигузар эй неи қадрдон дард бош

Нола нопидостгар хоҳӣ шукр бардоштан

Рангӣ аз ъушрат надорад нави баҳори эътибор

Зини чаман бояд чу шабнами чашм тар бардоштан

Нолаи дардии намоён аз дили сад чок бош

Файзҳо дорад сар аз ҷайб саҳар бардоштан

Пеши дунон чанд рбзии обрӯии эҳтиёҷ

Аз ҷаҳон бурдор бояд даст агар бардоштан

Нахл ҳастӣ азълоиқи реша муҳкам карда аст

Чун нафас май бояд аз иксў табар бардоштан

Сози базми ноумедии пари назокат нағма аст

Нола Эй дорам ки натавонад асар бардоштан

эй сапанд аз як садои охири куҷо хоҳӣ расед

Чун ҷараси зини ҷинс бояд бештар бардоштан

Чашм то вокрдаҳем аз хеши берун рафта ем

Шуълаи моро қадам бардааст сар бардоштан

Кулуфти аҳбоби моро зиндаи зер хок кард

Беш азин натавон ғубор икдгр бардоштан

Бори дунё кӣ тавон бедил ба осонӣ кашид

Кӯҳ ҳам менолад аз зер камар бардоштан