Аҷзи мо ҷавлонгар тадбир натавон ёфтан
Пои ҷаҳди сояи ҷуз дар қӣр натавон ёфтан
Он қадри вомондаи аҷзам ки маҷнӯни маро
Аз заъифии нола дар занҷир натавон ёфтан
Муждае ғифлат ки дар базми карами бори қабул
Ҷуз ба қадари тӯҳфа тақсир натавон ёфтан
Розҳо бепарда шуд эй бехабар чашмӣ бимол
Ҷузи вуқуъи оина тақдир натавон ёфтан
Бскаҳи ин саҳро параст аз хӯни ҳасрати куштагон
То ҳавои хок домангир натавон ёфтан
Косаи анъоми гардун чун ҳубоб аз бас тиҳӣаст
Чашми гавҳари ҳам дар онҷо сайр натавон ёфтан
Вазъ ҳамворӣ махоҳ аз тинати золими сиришт
Ҷавҳари ойӣна дар шамшер натавон ёфтан
То паёмии вокшнди ин дӯстони хасми кеш
Ҳеҷ мурғии нома бар чун тир натавон ёфтан
Фитнаи ҳам амнаст ҳар ҷо нест афсуни тамиз
Хоби муфти ҳуш агар таъбир натавон ёфтан
Шамъро аз шуълаи сомони нигоҳ омода аст
Хонаи чашмӣ ба ин таъбир натавон ёфтан
Ман ба ин аҷз нафас умрӣаст сомон карда ам
Шӯри найрангӣ ки дар занҷир натавон ёфтан
Умрҳо шуд май пурситади чашми ҳайрати кеши ман
Тифли ашкиро ки ҳаргиз пер натавон ёфтан
Ҳар чаҳ ҳаст аз улфати саҳрои имкон ҷуста аст
Бедили ӣнҷои гардӣ аз нахҷӣр натавон ёфтан