Бар хати тарки талабгар роҳ хоҳӣ ёфтан

Пушти даст ва рӯй дасти аллоҳ хоҳӣ ёфтан

Ҷустуҷӯӣ ҳар чаҳ бошад муддао хосасту бас

Гар гадои ҷӯии суроғи шоҳ хоҳӣ ёфтан

Ҳар қадари сайри гиребонат чу шамъ ояд ба пеш

Юсуфи худро муқӣми чоҳ хоҳӣ ёфтан

Тарки матлаби гир матлӯбат нарафта сет аз канор

Ҳар чаҳ хоҳӣ чун шудӣ огоҳ хоҳӣ ёфтан

То ба пешонӣ аз абрӯи роҳи мақсад давр нест

Гар ҳилол ояд ба чашмати моҳ хоҳӣ ёфтан

Эҳтиётат гар набошад Хизри роҳи офият

Ҳар қадами обат ба зиркоаҳ хоҳӣ ёфтан

Шарми дор эй зарра то кӣ ҳастӣ мавҳум ро

Гоҳи гуми хоҳии намӯдани гоҳ хоҳӣ ёфтан

Ҳарчӣ ёбӣ ихтиёрӣ нест дар таслим кӯш

Маргро чун зиндагӣ ногоҳ хоҳӣ ёфтан

Рӯз то пешаст гомӣ май зан ва мерафта бош

Роҳати манзили ҳамон бегоҳ хоҳӣ ёфтан

Пучи бофони амлро ҳар қадари во май рисӣ

Риштаи мосураи ҷўлоаҳ хоҳӣ ёфтан

Мавҷу гавҳар дар талош соҳиланд огоҳ бош

Толибу восили ҳама дар роҳ хоҳӣ ёфтан

Зини баланду паст агаргирӣ айёри эътибор

Дасту гарданро зи пои кӯтоҳ хоҳӣ ёфтан

Ҳолу истиқболи дунёи инфеъолӣ беш нест

Хоҳ ҳосил карда бошӣ хоҳ хоҳӣ ёфтан

Гар ба азми манзили таҳқиқ хоҳӣ зад қадам

Ҳар чаҳ андешии ғубори роҳ хоҳӣ ёфтан

Бедил аз анҷому оғози чароғи зиндагӣ

Бе такаллуфи ашку доғу оҳ хоҳӣ ёфтан