Бо мо насохт охири завқи шароб хӯрдан

Чун мива зард гаштем аз офтоб хӯрдан

Масти сети табъи худ сар аз касб халқ бигузар

То кам кунад ҷунунат май бо гулоб хӯрдан

Гар муҳаррамии буруни о аз ташнаи комии ҳирс

Чун ваҳми ғӯтаи токӣ дар ҳар сароб хӯрдан

Нақшӣ ки мубҳам уфтад дил ҷамъ кун зи фаҳмиш

Ҷаҳласт ишваи ҳасани зери ниқоб хӯрдан

Он чини абрӯи имшаби сад ранг бсмлм кард

Захм камӣ надорад теғи итоб хӯрдан

Ағроз бишмораст арзи ҳаёи нигаҳдор

Таъни ҷунун чаҳ лозим аз шайху шоб хӯрдан

Печу хами ҳаводиси моро накард бедор

Бо санг бар наомад паҳлу ба хоб хӯрдан

Мавқеи шиноси исёни зиллати каш хато нест

Май ҳукм шер дорад дар моҳтоб хӯрдан

Бади мастии тнъми мғрўркрди мо ро

эй кош сих мехӯрд ҳирс аз кабоб хӯрдан

Малик ту нест дунё кам кун тасарруфи ӣнҷо

Моли ҳаром то кӣ баҳри савоб хӯрдан

Тарк талош дорад оби рухи қаноат

Сайраст мавҷи гавҳар аз печу тоб хӯрдан

Таҳсили рӯзӣ осон натавон шимурди бедил

Таклифи хоку хӯни сети ин нону об хӯрдан