Суроғ дил нахоҳӣ аз ман девона пурсидан

Қиёмат дорад аз сайлоби роҳи хона пурсидан

Буруни афтодае аз пардаи номӯси яктое

Наме бояд зи шоху барги рамзи дона пурсидан

Муҳаббат ҳар хасиро маврид улфат наме хоҳад

Ба зулф ёр натавон ҷои дил аз шона пурсидан

Нафас то метапад лаббайку ноқавсии сет дар созиш

Дилӣ дорем чанд аз каъбау бтхонаҳ пурсидан

Чароғиро ки пеш аз субҳдами бурданди азин маҳфил

Суроғаш бояд аз хокистари парвона пурсидан

Ба сар хокӣ фишону ганҷи истиғно тамошо кун

зи маҷнӯн чанд хоҳии ъушрати вайрона пурсидан

Чароғӣ аз қадаҳ бурдор ва ҳар ҷониб ки хоҳии рӯ

намехоҳад тариқи лағзиши мастона пурсидан

Ба завқи ҳарфу савти пучи халқӣ рафтааст аз худ

Димоғи хўобнокон бояд аз афсона пурсидан

Хумори нотамомии даври чандини мо ва ман дорад

Чу пар шуд ҳеҷ натавон аз лаби паймона пурсидан

Маориф боки май гӯйии ҳақоиқи азкаҳ май пурсӣ

Ки гуфтанҳост бар номаҳраму бегона пурсидан

Забони шарм агар бошад ба коми хомшии бедил

Ҷавоб муддаоят медиҳад аз мо на пурсидан