Сӯхтаи лолаи зори ман рафтаи гул аз канори ман

Бе ту на рангам ва на бӯ эй қидмати баҳори ман

Дӯши насими муждае гул ба сар умед зад

Каз раҳ давр мерасад сарви чамани савори ман

Гар ба табассумӣ расад субҳи баҳори ваъдаи ?ут

Оинаи мавҷ гул занад то абад аз ғубори ман

Гар ҳамаи захм хӯрдаам гули зкФи ту барда ам

Боғ ҳиност ҳар куҷо хӯн чакад аз шикори ман

Фурсат дигарам куҷост то кунам орзӯии васл

Роҳи адам сипед кард шаш ҷиҳати интизори ман

Акси таҳайюри обу ранг мунфаиласт аз оина

Гирд нафас намекунад ҳастӣ ман зи ори ман

Оҳи сапанди ҳасратами гармӣ миҷмарӣ надид

Сӯхтанам ҳамон баҷост нола накард кори ман

Кош ба вомӣ аз арақи ҳақи вафо адо шавад

Нам нагузошт дар ҷабини гиряи шармсори ман

Хок тапиданам ки баради гирди маро ба кӯии ту

Бандаи ҳайратам ки кард оинаи ?ути дучори ман

Зоҳиру ботин дигар нест ба сози ин нишот

То ман ва ту асар навост нағма туаст тори ман

Гурба сипеҳрам илтиҷост варама ва меҳрам ошност

Бедили бикси туами ғайр ту кист ёри ман