Даҳр , тӯфон дорад аз табъи ҷунуни паймои ман

Қлқлӣ дуздидааст ин баҳр аз минои ман

Нест холии як кафи хок аз ғубори ваҳшатам

Чун нафас меҷӯшад аз ҳар дили тапиданҳои ман

Ғунчаро ҷузи шухии ранги офатӣ дарбор нест

Худнамое медиҳад охир ба боди аҷзои ман

Ҳар нафас каз дил кашидам хомшӣ ифшоанд бол

намезанад мавҷ аз забони моҳёни дарёии ман

Бскаҳи афшурдами қадам дар хоки роҳи нестӣ

Ҳамчуи шамъи охрсри ман гашти нақши пои ман

Софии дил дар ғубори арз истеъдод рафт

Мавҷ мешуд ҷавҳари ойӣнаи минои ман

Роҳ аз худ рафтанам аз шамъи ҳам равшан тар аст

Ҷода пардозаст барқи нола дар саҳрои ман

Ҳасан ҳарҷо ҷилва гар шуд ишқ меояд бурун

Арз маҷнӯн медиҳад ойӣнаи Лайлои ман

То қиёмат боядам саргаштаи парвоз буд

Дом дорад бар ҳавои сайёд бе пурвои ман

Ҳамчуи барқи оғӯш аз ваҳшат муҳайё карда ам

Тӯли сад ъқбо амл сарфаст бар паҳнои ман

Пардаи таҳқиқи бедил то куҷои хоҳии шикофт

Олимӣ дорад ниҳони кайфияти пайдои ман