То ба кӣ бошӣ қафаси фарсӯдаи шани нигин

эй хуши он номӣ ки нақшаш нест бӯҳтони нигин

Гар нае маҳкӯми ҳирси афсонаи авҳом чанд

Бигузар аз ҷоми ҷаму ҳарфи сулаймони нигин

Ғайри махмурӣ чаҳ дорад соғари иқболи ҷоҳ

Икқлм хамёза меболад зи унвони нигин

Ҳуш агар ойӣнаи пардозади далел ибрат аст

ХўдФрўшиҳои ному қайди зиндони нигин

Коши расвои ҳамин ҷо дар хур заҳмат диҳанд

Ришта ворӣ мекашад номи азгрибони нигин

Бас ки тахмири мизоҷи ҳиммати мо ваҳшат аст

Номи мо чун гирд май хезади зи домони нигин

Чун ҳилол аз пайкари хами сар ба гардун суда ам

Хотамаст ӣнҷои далели иззат ваашон нигин

Сангро ҳам шиша месозад тиҳӣ аз худ шудан

Суд номӣ ҳаст дар аҷзои нуқсони нигин

Суҳбати арбоби дунёи муфлисонро ме газад

Зоҳираст аз рӯй коғази нақши дандони нигин

То куҷо вусъат кунад пайдои бисоти эътибор

Ноқисони гӯи паҳн тар чинанд дукони нигин

Бо ҳамаи шӯҳрати фурӯшиҳо бизоъат ҳеҷ нест

Хӯни ҳамон номаст дар захми намоёни нигин

Эиътибороти ҷаҳони ранг парвозасту бас

Дар пар товус кун сайри чироғони нигин

Ваҳшати тақлиди ҳам бедил кам аз таҳқиқ нест

Нашъа парвоз дорад чини домони нигин