Ҳар чанд даврам аз чамани ҷилваи гоҳ ӯ

Майхонааст шавқ ба ёди нигоҳ ӯ

Дорам дилӣ ба сина каз афсун ?наргаст

Фирӯз нест серума ба рӯзи сиёҳ ӯ

Онҷо ки аз асири ту ҷуръат талаб кунанд

Ҷузи шарми нестӣ ки шавад узри хоҳ ӯ

Хӯбии зи улфати зқнти раҳ ба дар набард

Юсуф аз он гурехт дар оғӯши чоҳ ӯ

Ғофили з хат мабош ки сафҳои нози ҳасан

Дарҳам шикастааст ғубори сипоҳ ӯ

Дар водӣӣ ки шарми нақоҳат гушӯда аст

Бар чашми нақши пои мижаи пӯшади гиёҳ ӯ

Муҳтоҷ арз нест шикваи ғурури ишқ

Гардун чу остин шаканд дастгоҳ ӯ

Нақш қадам нагашта масир наме шавад

Ойӣнаи дории сари таслими роҳ ӯ

Бар саракашон чаро нафурӯшем нози аҷз

Моро шикастаанд ба ёди кулоҳ ӯ

Шамъӣ ки маҳви анҷуман интизор туаст

Ойӣна бар сари мижаи бандади нигоҳ ӯ

Бедил ба ёди сарви ту дар хӯн тапид , лек

Мавзун нагашт як алиф аз машқи оҳ ӯ