эй зи анояти ошкори шахси туу мисоли ту
Оинаи ҷамоли ту оинаи ҷамоли ту
Аз табу тоби обу гул то так ва тоз ҷону дил
Решаи кас наме дӯд дар чамани хаёли ту
Чарх ба сад каманди чин бӯса задааст бар замин
Бас ки баланд ҷустааст гирди Роми ғизоли ту
Бар дар нози кибриё чанд ғубори мосўо
Дар кафи ваҳми ман ки дод оинаи маҳоли ту
Ин Баму зеру қил ва қол нест ба сози лоязол
Нақсу камоли фаҳми мости бадари туу ҳилоли ту
Халқи зи саъии норасои сӯхти ҷабин ба нақши по
Барҳамаи доғи сояи басти саркашии ниҳоли ту
Шишаи соъати фалак аз чаҳ ҳисоб дам занад
Роҳи нафас гирифтааст ғайрати моҳу соли ту
Перӣам аз қади ду то роҳи набарди ҳеҷ ҷо
Ҳам ба дар ту май барам ҳалқаи инфеъоли ту
Ташнаи бӯси он лабам лек зи нанг нокасе
Ҷуръатам об мекунад азтарӣ зулоли ту
Бояд аз иқтизои шавқ бар сар ғифлатам гирист
Аз ту ҷудо чисон шавам то талабами висоли ту
Тоири ошёни аҷзи нози фуруш ҳасрат аст
Ранги шикаста май пурди бедили хастаи боли ту