эй фикри нозукатро шабаҳати камӣнӣ аз мӯ
Ташвиши атса то кӣ монанди бинӣ аз мӯ
Дар коргоҳи фитрати ном шикаст нангаст
Бояд қалам набандад наққоши чинӣ аз мӯ
Дили оташ ту дорад забти нафас чаҳ ҳарфаст
Ахгар наме писандади нақши нигинӣ аз мӯ
Найранги илтифотат мағрур кард мо ро
Афсун офтобаст мори офарӣнӣ аз мӯ
Таъзими нотавонон душворе надорад
Бар узвҳо гарон нест болои нишинӣ аз мӯ
Кам нест шахси моро дар кисвати заъифӣ
Аз риштаи домниҳо ё остинӣ аз мӯ
Болидам аз тахайюли саркӯби осмонҳо
Бар худ начедам аммо фарқи яқинӣ аз мӯ
Умрӣаст нотавонони мамнӯн он нигоҳанд
эй дидаи мурувват заҳмат набинӣ аз мӯ
Моро шикеби дили баради онсӯии худ фурӯшӣ
Шабгир кард бедили овози чинӣ аз мӯ