Чаҳ имконаст гирди ғайри азин маҳфил шавад пайдо
Ҳамон Лайлӣ шавад бепарда то маҳмил шавад пайдо
Ганагоҳи хитоб аз эҳтиёҷ огоҳ ме гардад
Карими овози даҳ ! каз шаш ҷиҳат соил шавад пайдо
Мҷозондишии ?ути фаҳми ҳақиқатро наме шояд
Маҳоласт инки ҳақ аз олам ботил шавад пайдо
Нафасро улфати дили ҳам зи ваҳшати барнамеи орад
Раҳи мо тай нагардадгар ҳама манзил шавад пайдо
Буруни дили нафасро пурфишон дидам надонистам
Ки анқо чун шавад аз байзаи гум , бсмл шавад пайдо
Ба гавҳари ворсидни мавҷҳо барҳам задан дорад
Ҷаҳониро шикофии сина то як дил шавад пайдо
Раҳи оворагеи умрии сет мепўим нашуд ёрб
Ки чун тимсоли як ойӣнаи ворам дил шавад пайдо
зи маҳви ишқи ғайр аз ишқ натавон ёфт осорӣ
Ба дарёи қатра чун гардид гум , мушкил шавад пайдо
Шаҳидони адабгоҳи вафоро хӯн наме бошад
Магари ранги ҳиное аз каф қотил шавад пайдо
Саводи кунҷи маъдӯмии қиёмат олимӣ дорад
Ки ҳар кас ҳар куҷо гум шуд азин манзил шавад пайдо
Ба рангии мавҷи халқӣ аз тапидан об ме гардад
Казин дарё ба қадари як гуҳар соҳил шавад пайдо
Нафас то ҳаст зини мазраъи талоши дона дил кун
Ки ин гмгштаҳгар пайдо шавад ҳосил шавад пайдо
Ба қадари огаҳӣ омодааст асбоби ташвиши ?ут
Табиат бояд ӣнҷои андакӣ ғофил шавад пайдо
Дарин дарёи дил ҳар қатраи гавҳар дар гиреҳ дорад
Агар бар рӯй об ояд ҳамон бедил шавад пайдо