Гар диҳад ранги тамошои ту парвози нигоҳ
Хайли товуси тавон рехти зи парвози нигоҳ
Қайди як ҳалқаи занҷир хаёлӣаст маҳол
Дида то чндкнди манъ ҷунун тоз нигоҳ
Умрҳо шуд ки ба он ҷилваи муқобил шуда ам
намерасад бар ман ҳайрон чиқадр нози нигоҳ
Ҳайрат оинаам меҳр набувват дорад
Тоби дидори ту баси шоҳиди эъҷози нигоҳ
Давр бош аҷабӣ дошт шикваи ҳайрат
Дили ҳам огоҳ нашуд аз чамани рози нигоҳ
Ошён мешавад аз ваҳшати шавқами пи рӯи бол
Мижаи хамёза кашаст аз паии парвози нигоҳ
Дар нҳонхонаҳи дили мужда дидорӣ ҳаст
Май кшдгўши ман аз оинаи овози нигоҳ
Шавқи битоби насим чаҳ баҳораст имрӯз
Май кашами буии гул аз шухӣ андоз нигоҳ
Рози махмурии дидор ниҳон натавон дошт
Сад забон дар мижа дорад лаби ғаммози нигоҳ
Чун шарари чашм ба завқ чаҳ гушойами бедил
Ман ки анҷом нафас дораму оғози нигоҳ