Ғуборами барнамеи хезади азин саҳрои хобида

Асирами ҳамчуи ҷавлон дар тилисми пои хобида

Ба ғайр аз нақши по ҷое надорад ҷодаи паймое

Ту ҳам таҳи ҷуръа Эй бурдор азин минои хобида

Ба ёди шоми зулфат ҳар куҷои чашмӣ ба ҳам судам

Раги хоби парешони гашти мижгонҳои хобида

Бо ин қомат қиёмат нест мумкин гардан афрозад

Ба мижгони ту яъне фитнае бар пои хобида

Ҳидояти халқи ғофилро балоӣ дигараст ӣнҷо

Биҷузи таклифи бедории мадони аизои хобида

Дарин вҳштсрои мавҷи гуҳари ҳам ибратӣ дорад

Ба паҳлу меравад умрии зиёни Фрсои хобида

Ба шамъи огаҳии як бор натавон доман афшодан

Ки ғифлат низ чанде гарм дорад ҷои хобида

Ғуборам авҷ гирад то сар аз хиҷолати буруни орм

Чу маҳмил бе сабаби помолам аз аъзои хобида

зи ҷаҳлу донишами фарқи дуе сӯрат наме бандад

Ба маънии ғофили бедораму донои хобида

зи саъии норасои машқ надомат мекунам бедил

Асоӣ нола шуд охири чўкўҳми пои хобида