Киам ман шахси навмидии сириштии ибрати эҷодӣ
Ба саҳрои гирди маҷнӯнӣ ба кӯҳи овози Фарҳодӣ
Ба сар дорам ҳавои тарки шухии фитнаи бунёдӣ
Ки теғаш шох гулрезасту тираши сарви озодӣ
Замингири суҷуди ҳайратам эй чрҳ напасандӣ
Ки гирад баъди мурдани ҳам ғуборами домани бодӣ
Дили сайд об шуд дар ҳасрати шавқи гирифторӣ
Расад ёрб ба гӯши ҳалқаи доми ту фарёдӣ
Ҳарифон , ҷоми афсуни тағофул чанд паймудан
Баҳораст аз фаромӯшони ранги рафтаи ҳам ёдӣ
Гирифторӣ бақадр ранг бар мо дом ме чӣанд
Надорад ғайри нақши болу пари товуси сайёдӣ
Ба сад дом орамидам доман аз чандини қафаси чидам
Надидам ҷуз ба боли нестии парвози озодӣ
Димоғи шуъла аз хору хас афсурда ме болад
Ғурури саракашонро безаъифон нест имдодӣ
Ба як тарзи тағофул ҳар ду оламро мҳрФи зан
Надорад қатъи улфати эҳтиёҷи теғи ҷаллодӣ
Баннои эътибори мо ба ҳарфӣ мехӯрд бар ҳам
Ба чандин ранг мегардад баҳор аз силии бодӣ
зи саъй ҷон кунӣҳоем мабош Эй ҳамнишин ғофил
Ки аз ҳар нолаи ман тешаи дуздидаи сети Фарҳодӣ
Ҷудо зон базм натавон кард манъ нолаам бедил
Чу мавҷ уфтад ба соҳил мекунад ночори фарёдӣ