На нафас тарбиятам кард ва на домони мададӣ

Оташам хок шуд эй сӯхтаи ҷонони мададӣ

Шавқи дидорам ва як ҷилва надорам тоқат

Магар ойӣна кунад бар ман ҳайрони мададӣ

Орзӯ мекашадам бар дар иброми талаб

Кӯ ҳаё токанд аз вазъи пушаймони мададӣ

Ёди чашми ту зи оворагеам ғофил нест

Гирди ин даштам ва дорам зи ғизолони мададӣ

Бсмлми гарми тавофи чаман офиятӣ аст

эй тапидан ба тағофул назанӣ ҳони мададӣ

Роҳат аз қофилаи ҳуш бурун тохта аст

эй ҷунун то шавадам бори дили осони мададӣ

Кист бори тапиш аз дӯш ҳавас бардорад

БеАсое накунадгар ба заъифони мададӣ

Бо ҳамаи зулм раҳо нест каси азмнти чарх

Оҳ аз он рӯз ки мекард ба эҳсони мададӣ

Ҳилаи ҷӯй нам ашкем дарин водии хушк

Кош аз обила бахшанд ба мижгони мададӣ

Бедил аз ғунча гирифтам сабақи зонуии фикр

Буд кӯтоҳии доман ба гиребони мададӣ