Хуши он соъат ки чун тимсол аз ойӣнаи фардӣ
Ту ореи сари бурун аз ҷайби ноз ва ман кунам гардӣ
зи ранги нотавонӣ узр хоҳад сайри ин боғам
Ба дастанбуе хиҷлат надорам ҷузи гули зардӣ
Агар гардӣ кунад хоки таҳи пои пушти пои бӯсад
Бар аҳбоби азин бешам намебошад раҳ оварадӣ
Уқубат аз камӣни маъсият ғофил наме бошад
Шаби ман тира тар шуд охир аз ташвиши шабгардӣ
Ҷаҳон яксар қимори орзӯӣ пуч ме бозад
Биҷузи дасти пушаймонӣ ки дорад барад ва оварадӣ
Муруввати сахт давраст аз мизоҷи биҳси золим
зи захм кас намегардад дучори нештар дардӣ
Ба ин сомон ки гардуни нашъа ворастагӣ дорад
Баланди аФто даҳ бошад домани барчӣдаи мардӣ
Асири фақрам аммо роҳат бедард сар дорам
Ба малики тира рӯзӣ нест чун ман сояи пурвирд ӣ
Ба завқи кавсару алвони неъмат хӯн махӯр бедил
Биҳишти он бас ки ёбии нони гарму обки сардӣ