Хаёлат ҳар куҷои тамҳиди роҳат парварӣ кардӣ
Ба хоби бихўдии буии баҳорам бистарӣ кардӣ
Нафас чун нола бар бод тапидан дод аҷзоем
Ба тӯфони хаёлат гарна ҳайрат лангарӣ кардӣ
Ба поси рози улфати шукри бидрдисти кори ман
Агар дил об мегардид мижгони ҳам тарӣ кардӣ
Ба ин нозуки мизоҷии ҳайратам осӯда ме дорад
Ва гарна ҷунбиши мижгон ба чашмам нштрӣ кардӣ
Шудӣ ёқӯт агар ойӣнаи дори ранги ашки ман
Раги хӯнии намоён аз нигоҳ ҷавҳарӣ кардӣ
Дарин гулшан ки аз ифлос номӣ дорад озодӣ
Чаҳ кардӣ сарви мискингар видоъ бебарӣ кардӣ
Ба бахти тираи мамнӯни тағофулҳои гардунам
Задӣ ойӣнаам бар санг агар равшангарӣ кардӣ
Набӯд аз ҳақи шиносӣҳои улфати он қадри мушкил
Ки чун қамарии пари парвонаро хокистарӣ кардӣ
Ба теғи ваҳм агар мекард ишқи исботи огоҳӣ
Шикасти шишаи ҳам сари дргрибон парӣ кардӣ
Ҷунун чун шамъ дар ранги баннои ман назд оташ
Ки то нақши қадами гаштан саро поем сиррӣ кардӣ
Азин бе моҳасали афсонаҳои дардисари бедил
Касе гӯшӣ агар медошт боистӣ карӣ кардӣ