Нафас дар талаби сӯхтӣ дил надидӣ

Ба Лайлӣ чаҳ додӣ ки маҳмил надидӣ

Ба шабгир чун шамъи фарсӯдаи ваҳмат

Ба зери қадам буд манзил надидӣ

Ту эй мавҷи ғофили зи асрори гавҳар

Бурун гирд монадӣ ва соҳил надидӣ

Ба қатъи мурӯри замони тааюн

Нафас буд шамшер қотил надидӣ

Нашуд монеъи умри қайди таъаллуқ

Ту рафтори ин пой дар гул надидӣ

Тараб дошт аз қайди парвози растан

Ту кайфияти рақс бсмл надидӣ

Ҳисоби ту бо кибриё рост ноед

Заминро ба гардун муқобил надидӣ

Бғир аз так ва тоз гирди хаёлат

Кас ӣнҷо набӯд ва ту ғофил надидӣ

з асбоб хӯрдӣ фиреби таҷарруд

Тамошои берун маҳфил надидӣ

Тамиз ту шуд давр бош ҳақиқат

Ки ҳақ дидӣу ғайр ботил надидӣ

Аз ин илму фазлӣ ки ғайрат надорад

Чаҳ хондигар ашъор бедил надидӣ