Сиришками сад саҳар хандид ва пайдо нест таъсиӣ
Кунун аз нолаи дрторикии шаби афканами тирӣ
Биҷузи мурдани алоҷи мо ва ман сӯрат наме бандад
Таби шӯри нафасҳо дар кафан дорад тбоширӣ
Фалак бар мояи дорони ман ва мо боҷҳо дорад
Адами шӯ то набинӣ гирўи дори ҳукми тақдирӣ
Агар аз аҳл тақвое бипарҳез аз тавоноӣ
Ки дар кеши тааюн чун ҷавонӣ нест бе перӣ
Ба нафии соя мавҳум кун исботи хуршедӣ
Ҳама қалбем аммо дар гудози мости эксирӣ
Раҳоӣ нест аз андешаи аҷзу ғурури ӣнҷо
Ба қонӯн хамӯшӣ ҳам нафас дорад Баму зерӣ
Чаҳ дидӣ эй тааммули зини хаёли ободи мавҳумӣ
Ту хобии арзаи даҳ то ман ҳам оғозам ба таъбирӣ
На гардун каҳкашон дорад на анҷум корвон дорад
Дарин саҳро ҷунунӣ карда бошад гирди нахҷӣрӣ
Муҳаббат аз мизоҷи ъшқбозон кӣна напасандад
Пари парвона мумкин нест гардад зинати тирӣ
Гар аз дӯди дилу хӯни ҷигари сад перҳани пӯшам
Ҳамон чун нолаам сар то қадами неи ранги тасвирӣ
Дилӣ пар дорад аз маҷнӯни мо санги кафи Тифлон
Магар холӣ кунад дар сӯрати эҷоди занҷирӣ
Напиндорӣ ба марг аз ҷустуҷӯ фориғ шавам бедил
Ба зирхоки ҳам чун офтобам ҳаст шбгирӣ