Ғубори ҳуш тӯфон дорад эй мастии ҷунуни тозӣ

Баҳори шавқи хор андӯдааст эй шуълаи парвозӣ

намедонам ба ғайр аз узри истиғно чаҳ ме хоҳам

Гадоӣ бениёзам бар дар дил дорам овозӣ

Хаёлаш дар назари хамёза болиданӣ дорад

зи ҳашари нолаи митрсм қиёмат карда андозӣ

Ғуборам ҳар тапидани ноз дигар мекунад иншо

Асарҳо дорад ин ранги хаёли чеҳраи пардозӣ

Гузори яъси дилро ғӯта дар санҷоб дод охир

з хокистар фиканд ин шуълаи тарҳи бстрнозӣ

Ба сайл гиря додам рахти номӯси муҳаббат ро

Ба рӯ афтод аз ҳар қатраи ашками бахяи розӣ

Ҳаёро ҳам ниқоби маънӣ розат наме хоҳам

Ки май тарсами арақ бар ҷабҳаи бандади чашми ғаммозӣ

Нафас гираст ҳамчун субҳи мӯии перӣ эй ғофил

Сифедӣ мекунад ҳушдори гирди боли шаҳбозӣ

Қафаси Фрсоӣ хокистар миндиш оташи мо ро

Ба табъи ғунчаи пинҳон дар таҳ боласт парвозӣ

Хат паргор хондӣ дили зи маънӣ ҷамъ кун бедил

Надорад нусхаи найранги даҳри анҷому оғозӣ