Ба гулзорӣ ки он шӯхи парӣ пайкар кунад бозӣ
Ғуборам чун пари товуси гул бар сар кунад бозӣ
Ҷаҳони дарёӣ хӯн гардад агар чашми сияҳи масташ
зи дасти афшонии мижгон ба абрӯ сар кунад бозӣ
Гадоӣ каз сари кӯии ту хокӣ бар ҷабини молад
Ба тоҷи киқбоду афсар қайсар кунад бозӣ
Арақ бар оризат ҳар ҷои бисот шабнам ороед
Нигаҳ дар хонаи хуршед бо ахтар кунад бозӣ
Қалами ҳргаҳ ба васфи неши мижгони ту пардозад
Чу хӯни ҷустаи мазмун дар раг нашутур кунад бозӣ
Махӯр ҷоми фиреб аз нақши сўртхонаҳи гардун
Ба лаъибат боз бингар каз пас чодар кунад бозӣ
Дил аз сози тараб болидан нангаст азин ғофил
Ки аз ифроти шухии Тифлро лоғар кунад бозӣ
Маро аз шшҷҳт қайдасту хуши озод май гирдам
Кам уфтад муҳрае зинсон ки дар шшдр кунад бозӣ
зи бас печидааст офоқро бе Меҳрии гардун
Аҷабгар Тифли ҳам дар доман модар кунад бозӣ
Китоби арзи ҷоҳат то варақ гирданд дар ҷое
Зиҳии ғофил ки бо нақши дам аждар кунад бозӣ
Видоъ биқрорӣ мекунад чун шуълаи парвозат
Ҳавас бигзор то чанде ба бол ва пуркунад бозӣ
Ман аз сар бохтани бедил чаҳ андешами дарин майдон
Ки Тифли ашки ҳам бар найза ва ханҷар кунад бозӣ