Нигаҳ аз мастии чашми ту бо соғар кунад бозӣ
Ҳаё аз ранги тамкини ту бо гавҳар кунад бозӣ
Агар бинад ҳуҷуми хат ба даври шукри лаълаш
зи ҳасрати мӯри ҷавҳар дар дам ханҷар кунад бозӣ
Ба даврони ту гардуни муҳра сайёра ме чӣанд
Бифармо чашми фаттонро ки то абтар кунад бозӣ
Ба базми биқрории машраби айш шарар дорам
Ману ашкӣ ки чун атфол бо ахгар кунад бозӣ
Агар таҳрири хати длФрибш сар кунам бедил
Забони калаки хушки ман ба машк тар кунад бозӣ