Мушкил аз ҳарзаи дуӣ ҷуз ба табу тоби рисӣ

По ба доман нишкастӣ ки ба одоби рисӣ

Махмали коргаҳи ғифлатӣ эй биҳосл

Саъии бедоряти ин бас ки ту то хоби рисӣ

Он қадр бар дар изҳор мабар ҳоҷати хеш

Ки ба хФткдаҳи миннати аҳбоби рисӣ

Рамзи иқболи ҷаҳони вокшӣ аз идбораш

Гар ба шогирдии шогирди расани тоби рисӣ

Миннат олӯда макун чораи захми дили кас

Тарсам аз марҳами кофур ба маҳтоби рисӣ

Беарақ нест дил аз хиҷлати таъмири ҷасад

Брмдори онҳамаи ин хок ки то оби рисӣ

Моҳии қулзуми ҳирси об дигар ме хоҳад

Аташат кам шавад Андам ки ба қуллоби рисӣ

Сайри ин баҳри далели сабақи ғиртҳост

Гирди худ гирди замонӣ ки ба гирдоби рисӣ

Нашъаи паймоеи кайфияти ток осон нест

Во шавад уқдаи дил то ба май ноби рисӣ

Хатми ғаввосии дарёии яқинат ин аст

Ки з ҳар қатра ба он гавҳар ноёб рисӣ

Восили каъбаи таҳқиқи адаби кўшоннд

Сар ба зону на ва дидӣ ки ба миҳроби рисӣ

Роҳӣ аз мақсад бсмл нагушӯдӣ ҳайҳот

То ба завқи талаби бедили битоби рисӣ