Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ
Мактуби интизорам шояд маро бихонӣ
Аз сози ҳайрати ман мазмуни нолаи дрбоб
Гирд нигоҳ дорад фарёди нотавонӣ
Онҷо ки ишқи резади ойӣнаи таҳайюр
Равшантар аз баёнҳо мазмуни бизбонӣ
ё изтироби ашкӣ ё ваҳшати нигоҳӣ
Токӣ ба ранги мижгони парвози ошёнӣ
Аз рафтан нафасҳо осор нест пайдо
Нақш қадам надорад саҳрои зиндагонӣ
Дарёии ишқу соҳил эй бихбр чаҳ ҳарфаст
То қатра дорад ӣнҷои тӯфони бекаронӣ
То чанд санг роҳат бошад ғубор ҳастӣ
Аз ваҳшат шарар кун нақши сабки аноне
Дар олимӣ ки нақдаш масруф эҳтиёҷаст
Ибром май фурӯшӣ чанд ан ки зиндаи Монӣ
То табъ дун насозад мағрури ихтиёрат
Нокарданаст аввалии корӣ ки май туоне
Бе сайди дидаи доми махмур май намояд
Қад ду тост ӣнҷои хамёзаи ҷавонӣ
Хмхонаҳи таманнои ҷомӣ дигар надорад
Муфтаст бидмоғигар нашъа май расонӣ
Бедили ғубори оҳӣ то ранг авҷ гирад
Аз чок сина дорам чун субҳи нардбонӣ