з истиғно нагаштӣ моили фарёди қурбонӣ

Забонҳо дошт то мижгони мубораки боди қурбонӣ

Муроди куштагони ҳам аз ту осон барнаме ояд

Ба ёди ид то ояд ба ёдати ёди қурбонӣ

Таҳайюри интиқоми як ҷаҳон ваҳшат кашид аз ман

Надорад ҳоҷати домӣ дигар сайёди қурбонӣ

зи ҳайрат по задам нақши нгорстони имкон ро

Ба мижгонам бинозад хомаи беҳзоди қурбонӣ

Ҳануз аз чашми ҳайронам сифедӣ мекунад тӯфон

Кафи азҷўш тасаллӣ мекашад бунёди қурбонӣ

Таҳайюри нусхаҳо шастаи сет дар чашми сифеди ман

Ҳамин як сафҳа дорад ҷузви истеъдоди қурбонӣ

Саводи ҳайратӣ равшан кунед аз машқи таслимам

Нишаст саҷда тарзӣ дорад аз устоди қурбонӣ

Чаҳ дайру каъба ҳар ҷо май рӯми хӯнӣ бҳл дорам

Мурувват хок шуд токрди ишқи эҷоди қурбонӣ

Касе аз ӯҳдаи дидори қотил бар наме ояд

Кабобам аз нигоҳ ҳар чаҳ бодободи қурбонӣ

зи чашм бенигаҳ аҷзоӣ ҳастӣ мҳркни бедил

Надорад интихоби мо бғир аз соди қурбонӣ