Дар дил зад хаёли партави меҳрати саҳаргоҳӣ

Чироғони фалак чун субҳ кардам хомаш аз оҳӣ

Чу моҳи нави фалакро зери дасти саҷда май байнам

Ниёзам мезанад соғар ба тоқи абрӯии чоҳӣ

Баҳор орзӯ нагузошт дар ҳар ранги навмедам

зи чашми интизор охир задам гул бар сари роҳӣ

Чаҳ имконаст файз аз хоки ман тӯфони нингизд

Ғубори синаи чокон дар назар дорад саҳаргоҳӣ

Ба бе дардии ту ҳам эй шавқи шамъии куштаи рӯ шин кун

Надорад лолаи зори офариниши доғи дилхоҳӣ

зи баси ҷӯши баҳор нокасе афсарад аҷзоем

Хазони ранги ҳам аз ман намеболад пари коҳӣ

Ба ҷайб ҳар нафаси хӯни ду олам орзӯ дорам

Ки дорад неши тафтишӣ ки бишкофам раги оҳӣ

Тариқи каъбау дайри ин қадар кӯшиш наме хоҳад

Ба тўФи хона дил кӯш агар пайдо шавад роҳӣ

Ҷаҳони касрати изҳори ғурурат барнаме дорад

зи сомон адаб магзар параст ин лашкар аз шоҳӣ

Магӯ бедили сапанди мо дили осӯда Эй дорад

Тасаллии ҳам дарин маҳфил ба оташ метапад гоҳе