Ба ваҳшат барнаме оем зи фикри чашми ҷодуӣ
Чу Ром дорам ватан дар сояи мижгони оҳӯе
Ба базмат нест мумкини ҷуръати таҳрики мижгонам
Неам ойӣна аммо аз таҳайюр бардаам бӯе
Нагардӣ эй сабо бар ҳам зани ҳангомаи аҳдам
Ки ман мушт ғуборӣ кардаам назри сари кӯе
Ба перии ҳам зи қуллоб муҳаббат нестам эмин
Қад хам гашта ҷайбам мекашад то нози абрӯе
Ҷаҳонии нақди фитрат дар талош шубҳа ме бозад
Яқини музди ту ,гар пайдои намоеи ҳамчуи ман рӯе
Сари таслим май дуздам ба болини пари анқо
Чаҳ созам дар хам на чарх пайдо нест зонуе
Суроғ аз ҳайрат ман кун Роми Лайлии нигоҳон ро
Бурун аз чашм маҷнӯн нест нақши пои оҳӯе
Ду олами маънии ошуфтаи ҳоле дар гиреҳ дорам
Дил афсурда ам Меҳрӣаст бар тӯмори гесуе
Димоғи ошуфтагонро муҳраи савдо асар дорад
Барои зулф созед аз дилами тъўизи бозуе
Ба рангии нотавонам дар таманнои миён ӯ
Ки гирданд аён монанди тасвирами сари мӯе
Маҳоласт ончӣ мехоҳам , хаёласт инки май байнам
Муқобил кардаанд ойӣнаи ман бо прирўиӣ
Хаёл нест . Сайри шабистонӣ дигар дорад
Чу шамъи куштаи сар дуздидаам дркнҷи зонуе
Дарин гулшан чу буии гули марӣз ваҳшатӣ дорам
Ки холӣ мекунад сад бистар аз тағйири паҳлуе
Баҳори роҳат аз поси нафас гул мекунад бедил
Ба ранг гул надорам зини чамани сарриштаи бӯе