Чу шамъам аз хиҷолати раҳнамӯд норасӣдан ҳо

Ба ҷои нақши по дар пеш по дорам чакидан ҳо

зи як тухми шарари сад кишт ибрат кардаам хирман

Азин мазраъи дрўдн май дамади пеш аз дамӣдан ҳо

Гулистони ҷунунро он ниҳоли шавқи дарборам

Ки чун оҳами бурун май орад аз худ қад кашӣдан ҳо

Дар он водӣ ки тоқатҳо ба арз имтиҳон ояд

Нигоҳи мо зи худ рафтан , сиришки мо давидан ҳо

Чаҳ даст ва по тавонад зад касе дар банди ҷисмонӣ

Надорад ин қафас беш аз нафаси ворӣ тапидан ҳо

Ба сар барадем дар шуғли таъассуф муддат ҳастӣ

Раҳе кардем чун миқрози қатъ аз лаб гузидан ҳо

Задем аз соз ҳастӣ даст дар фитрок бе тобӣ

Нафаси моро ба ранг субҳ шуд дом рамидан ҳо

зи найранги фусуни пардозии улфат чаҳ май пурсӣ

Ту дар оғӯшӣ ва ман кушта аз давр дидан ҳо

зи авҷи эътибор озодаам гирди раҳи фақрам

Набошад домани кӯтоҳи ман мағрур чидан ҳо

Нагардӣ муҳаррами рози муҳаббат бе шикасти дил

Ки чун гули хондани ин нома мебошад даридан ҳо

Чунин дар ҳасрати субҳи биногваш ки ме гарем

Ки дар маҳтоб дорад решаи ашкам аз чакидан ҳо

Дар ин гулшан ки рангаш рехтанд аз гуфтугӯи бедил

Шуниданҳост диданҳо ва диданҳо шунидан ҳо