Фалаки ин саркашӣ чанд аз ғубор орамидан ҳо
намебоист аз хоки ӣнқадар доман кашӣдан ҳо
Махӯр эй шамъ аз ҳастӣ фиреби маҷлиси ороӣ
Ки як гардан наме арзад ба чандини сар баридан ҳо
Ҳамон беҳтар ки арзи реша дар хок адам бошад
Ба ранги субҳ , барқ ҳосиласт ӣнҷои дамӣдан ҳо
Шабӣ аз бе худии назораи он бевафо кардам
Кунун чашмам чу шамъи кушта доғаст аз надидан ҳо
Ба сози маҳфил беранг ҳастӣ сахти ҳайронам
Ки набзи нола хомӯшасту дили масти шунидан ҳо
Мақом васл ноёбасту роҳи саъии нопидо
Чаҳ мекардем ёрб гар набӯдӣ норасӣдан ҳо
Кафи хоки ҳавои фарсӯдае , эй бе хабари шармӣ
Ба гардун чанд чун субҳати барад беҷо давидан ҳо
Сиришкам дошт аз шавқати гудози олӯдаи таҳрирӣ
Ба боли мавҷи бастами нома дар хӯн тапидан ҳо
Чу ашкам , нотавонии рухсат ҷуръат наме бахшад
Магар аз лағзиши побандами эҳром давидан ҳо
Шарорам , шуълаам , рангам , кадомин тоирам ёрб
Ки мехонд шикасти болами афсун паридан ҳо
зи шарми наргиси махмур ӯ чандон арақ кардам
Ки сртои пои ман майхона шуд аз шиша чидан ҳо
зи аҳволи дили ғмдидаҳи бедил чаҳ май пурсӣ
Ки ҳаст ин қатраи хӯн чун ғунчаи маҳрӯм аз чакидан ҳо