Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб

зи хандаи нақши нигинро ба ҳам наёяд лаб

Забони ҳосиду тамҳиди ростӣ ғалат аст

Каҷӣ ба дар натавон барад аз дами ақраб

Саводи фақри асари мояи сафоӣ дил аст

Чу субҳи поки намои чеҳрае ба домани шаб

Ба ғайр ишқ надорем ҳеҷ ойинӣ

Гузидаем чу парвона сӯхтани мазҳаб

Ҳунар ба аҳл ҳасад медиҳад натиҷаи айб

з ҷавҳараст дар абрӯии теғи чини ғазаб

Ҳавас чигуна кунад шухӣ аз дили қонеъ

Ба домани гуҳар осӯдааст мавҷи талаб

Ба дашти аҷзи таҳайюри матоъ қофила ем

Агар бар оинаи маҳмил кашем нест аҷаб

Чу чашмаи зиндагии мо ба ашк мавқуф аст

Дигар зи гиряи мо бе худон мапурс сабаб

Бисот зулф шавад чида дар дамӣдани хат

Ба чоки сина субҳаст чини домани шаб

Ҷаҳони қаламрави изҳор бениёзӣ ҳост

Кадоми зарра ки ӯ нест офтоби насаб

Сар аз раҳи ту чисони вокшм ки бе қидмат

Рикоб бо дили сангин тиҳӣ кунад қолаб

зи бскаҳи душмани осӯдагии сети тинати ман

Чу шуъла мешаканд ранг аз шикастани таб

Қадаҳи парастӣ аз асбоб фориғам дорад

Китоби дардисарӣ шастаам ба оби ғазаб

Ба хомшии талаб аз лаъли ёри коми умед

Ки бӯсаи рӯи надиҳад то ба ҳам наёрӣ лаб

Ба пеши ҷилваи тоқати гудоз ӯ бедил

Гузид ҷавҳари ойӣнаи пушти дасти адаб