Гузаштаам ба тнки зарфӣ аз мақоми ҳубоб

Хами муҳӣт тиҳӣ кардаам ба ҷоми ҳубоб

Ҷаҳон ба шӯҳрати иқбол пуч ме болад

Ту ҳам ба гнбдгрдўни расони паёми ҳубоб

Агар ҳамин нафасаст эътибори мади бақо

Расидаи гир ба умри абади давоми ҳубоб

Фиғон ки як мижа ҷамъиятам нашуд ҳосил

Фиканд қуръаи ман осмон ба номи ҳубоб

Ҳёкниди зи ҷавлони трдмоғии ваҳм

Ба дӯши чндкшди наъши худ хироми ҳубоб

Ҷаҳони ҳодисаи майдони теғ бозӣ ӯст

Касе зи мавҷ чисон гирад интиқоми ҳубоб

Ба хеши чашм гушӯдани видоъи фурсат буд

Нафаси расонад з ҳастӣ ба мо саломи ҳубоб

Дар ин муҳӣти зи забт нафас машав ғофил

Ҳавои хона мабодо занад ба боми ҳубоб

Нафас задем ба шӯҳрати адам бурун омад

Дигар чаҳ нақши тарошади нигин ба номи ҳубоб

Қафаси тарошии авҳом ҳайратаст ӣнҷо

Шикастаи шҳпри анқои нафас ба доми ҳубоб

Бақоӣ ӯст талофӣгари фанои ҳама

Фитодааст ба дӯши муҳӣти воми ҳубоб

з инфеъол сириштанд нақши мо бедил

Арақ ба дӯш ҳаво дорад интизоми ҳубоб