Белатофат нест аз баси ваҳшат оҳангаст об

Гар дар роҳат зад ҳамчун гуҳар сангаст об

Фитна тӯфонаст арзи рангу буии ин чаман

Дар тилисми хоки ҳайронам чаҳ найрангаст об

Нашъаи равшандилии пар бехумор афтода аст

Аз сафои табъи доими шиша дар чангаст об

Чун гиребонгир шуд , ёри мувофиқ душман аст

Гар бипечад дар гулӯ бо теғ икрнгаст об

Бо гудози яъс аз худ рафтанами дил май барад

Нағма ҳо дорад чакидани ҳркҷо чангаст об

Маҳмили мо оҷизон бар дӯши лағзиш баста анд

Сад қадам аз мавҷ агар пайдо кунад лангаст об

Даврии маркази ҷаҳонии рости таклифи низо

То ҷудо аз санг шуд бо шуъла дар ҷангаст об

Бекудурат нест дар касрати сафои ваҳдатам

То ба гулшан роҳ дорад сарф сдрнгаст об

Обрӯ натавон ба пеши нокасон чун шамъи рехт

эй тамаъи шармӣ ки ӣнҷои шуъла чангаст об

Хонаи дории доғ кулуфт мекунад ворастаа ро

Дар дили ойӣнаи бедили сар ба сар зангаст об