Ойӣнаи дили доғ ҷило монаду нафаси сӯхт

Фарёд ки равшан нашуд ин оташу хаси сӯхт

Водошт з озодӣам алФткдаҳи ҷисм

Парвози ман аз гармии оғӯши қафаси сӯхт

Оҳанги раҳил аз ду ҷаҳон дӯд баровард

Ин қофиларо шуълаи овози ҷараси сӯхт

Сармоя дар андешаи асбоб талаф шуд

Оҳ аз нафасӣ чанд ки дар шуғли ҳаваси сӯхт

Аз пастӣ ҳиммат нараседем ба анқо

Парвози баландӣ ба таҳи боли магаси сӯхт

Гар хоби адам бар ду ҷаҳон шом гуморд

Дил нест чароғӣ ки тавон бар сари каси сӯхт

По обила кардем дигар барги талаби кӯ

Бедили арақи саъй дар ин пардаи нафаси сӯхт