Тӯҳмати афсурдагӣ бар тинат ошиқ хатост

Нола ҳарҷо оина гардид озодӣ намост

Бе фанои мушкил ки гардад дил ба ибрати ошно

Чашми ин ойӣнаро хокистари худ тўтёст

Шарм бояд доштан аз шухии осори шарм

Чун арақ бепарда гардад лағзиш пой ҳаёст

То тавон озод бӯдани домани азлати мгир

Мавҷро дар ҳар тапиш бар вазъи гавҳари ханда ҳост

Ҷоми оби зиндагӣ танҳо ба ком Хизр нест

Дргдози орзӯи ҳам ҷӯш дарёӣ бақост

Маънии дӯди азктоби шуъла иншо карда анд

Ҳркҷо ӯ ҷилва дорад ноз ҳастӣ муфти мост

Ҳаркиро аз нашъаи маънии сети сирӣ хомаш аст

Соғари лабрез агар сдлби кушояд бе садост

Олимӣ саргаштааст аз изтироб гиря ам

Ашки ман сарчашмаи ди варон чандин Асияст

намекунад ҳар ҷузвам аз шавқи тўкори оина

Хомаи тасвирам ва ҳар мӯии ман сӯрат намост

Гар барояд азсдФи гавҳари асир ришта аст

Хонау ғурбати дили огоҳро дом балост

Кӣ парешон мекунад боди ғурури аҷзои ман

Нусхаи хоки мроширозаҳ нақш бӯрёст

ӣнқадар чун шамъ аз шавқи фано ҷон ме кунам

Бокамоли саркашии саъй нигоҳам зерипост

Нақши чандини ибрат аз унвони ҳолам равшан аст

Шуълаи ҷуволаи ман меҳр тӯмор фаност

Бедил аз мушти ғубори мо дили худ ҷамъ кун

Шона ӣ ин турраи ошуфта дар даст ҳавост