Мо ва ман шӯри гирифторӣ ҳост

Решаи донаи занҷири садост

Аз гулу сабзаи ин боғ мапурс

Олимии по ба гулу сар ба ҳавост

Қайди мо шоҳид озодӣ ӯст

Тавқи қамарии ҳамаи дами срўнмост

Муҳаррамони ғунчаи боғ адаб анд

Чашми вокрдни мо тарк ҳаёст

Аҷз дар ҳеҷ макон пинҳон нест

Обилаи зери қадам ҳам расвост

Халқ дар ҳасрати бекории мард

Дасту пои ҳама муштоқ ҳиност

Чаҳ ситам буд ки дили сӯрати баст ?

Умрҳо шуд гуҳар аз баҳр ҷудост

Маънӣ аз лафз сафо ме хоҳад

Оташи санг ба фикр миност

Барқи маънӣ ба сиёҳӣ назанад

Хат агар ҷилва кунад , дурнамост

Каъбау дайри тсӣ кода нест

Дарди ноёбии матлаб ҳама ҷост

Мункири қади ду то натавон буд

Ончӣ бардорадат аз хеш , Асост

Фикри ҷамъияти дил чанд кунед ?

Риштаи ҳасрати ин уқда расост

Он қиёмат ки аҷал май гўбнд

Агар амрўр набошад , фардост

Кош чун шамъ нахандад саҳарам

Сӯхтани боз дар ин базм куҷост ?

Бедил аз ёс надорем гурез

Ҷузи дили мо ду ҷаҳон дар бар мост