Коҳиши табъи ман аз фитрати бибок худ аст

Шамъро барқи фанои шуълаи идрок худ аст

Ғайри мушкил ки шавад доми асирони вафо

Қафаси ваҳшати субҳами ҷигари чок худ аст

Барнагардем сар аз доираи ҳайронӣ

Шабнами мо нигаҳи дидҳءи намнок худ аст

Ранги битобии дил аз нафас ман пайдост

Гардани шишаи ин бодаи раги ток худ аст

Тӯбои ӣнҷои самараши қобил длбстн нест

Зоҳид аз бихбрии решаи мисвок худ аст

Гар дил аз шарми карам об шавад эсор аст

Вар на гавҳари ҳамаи ҷои уқдаи имсок худ аст

Нест дилро чу шикасти анҷумани офиятӣ

Садафи гавҳари мо синаи сад чок худ аст

Гирдбод аз нафаси сӯхта домӣ дорад

Сайди ин бодия дар ҳалқаи фитрок худ аст

Зарару нафъ ҷаҳонаст ба нисбат варна

Заҳр дар олами худ соҳиби тирёк худ аст

Дил ба хӯн метапад аз шухии ҷавлони нафас

Мавҷи битобии ин баҳри зи хошок худ аст

Шуъларо саҷда гуҳӣ нест чу хокистари хеш

Ҷабҳаи мо нқти доираи хок худ аст

Бедил аз содаи дилии оина лабрез сафост

Оби ин чашмаи зи мавҷи назари пок худ аст