зи худ рамидани дили бскаҳи шухӣ ангез аст

Чу шабнами обилаи мо шарор маҳмиз аст

Димоғи миннати ъушрати крости зини маҳфил

Хушам ки хандаи миноӣ менмкриз аст

Зҷнбши мижа бар забти ашк май ларзам

Ки захмаи раги ин соз нашутур тез аст

Кадоми субҳ ки шомӣ нахуфта дар шуғлаш

Сафои тинати имкони кудурат омез аст

Ҳазор санги шарари гашту бол ноз ифшоанд

Ҳануз саъии гудози ман обрӯрез аст

Сари ҳавои иқомати дарин чамани мФроз

Бҳўш бош ки теғи гузаштагӣ тез аст

Ба табъи санги Фсрдни шарор май бандад

Ҳавои олами осӯдагии ҷунун хез аст

Шикасти зарфи ҳубоб аз муҳӣт холӣ нест

зи худ тиҳӣ шуда аз ҳар чаҳ ҳаст лабрез аст

Дамидаем чу субҳ аз дами гирифторӣ

Ғубори олами парвози мо қафас без аст

Кабоби офиятӣ , бигузар аз ҳаваси бедил

Дбили сиҳҳати бемори ҳасан парҳез аст